Санаи 15.01.2025 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо сарбозони қисми ҳарбии мазкур доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханрони намуда таъкид дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба тамоми самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвавр ироа гардид, дар воқеъ чун санади раҳнамои миллӣ барои сокинон бахусус ҷавонони кишвар хидмат мекунад.






Санаи 14.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз фаъолияти як қатор муассисаҳои маркази шаҳр дидан намуд.
Санаи 14.01.2025 иҷрокунандаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз як қатор иншооти соҳаҳои гуногун дар шаҳраки Сирдарё дидан намуд.
Санаи 14.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти мактаби санъати маркази шаҳр ба мактаб ташриф овард.
Санаи 13.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат", дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” баргузор гардид.














