02 Май 2025
Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Оилаи беҳтарин", ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаҳои муҳаббату эҳтироми якдигар, баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу уҳдадориҳои оила дар иҷрои рисолати иҷтимоишавии шахс дар муҳити оила, пешгирии пошхӯрии оила, махсусан, оилаҳои ҷавон, пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, пешгирии ҳолатҳои дахолати беасоси шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ гузаронида мешавад.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон намоянда аз шаҳри Гулистон оилаи Орифзодаҳо дар бахши "Саҳми оила дар пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа" сазовори ҷойи аввал гардида бо диплом ва туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардид.