Матни равон

ГУЛИСТОН

Шаҳри Гулистон дар вилояти Cуғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи беш аз 19 километр шарқтар аз шаҳри Хуҷанд, дар соҳили ғарбии обанбори Баҳри тоҷик воқеъ аст.

Шаҳри Гулистон 4-уми январи соли 1963 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ (якҷоя бо ҷамоати шаҳракҳо) 13525,6 га (135,2 км/мураббаъ) мебошад. Аҳолиаш якҷоя бо шаҳракҳои тобеъ беш аз 47 600 (2019) нафарро ташкил медиҳад. Зичии он дар 1 км. мураббаъ 302,5 нафар аст.

Дар Гулистон намояндагони миллатҳои гуногун аҳлона зиндагӣ мекунанд: тоҷикон –68,4 %, ӯзбекҳо –27,1, русҳо – 2,2% ва дигар миллатҳо 2,3%-ро ташкил медиҳанд.

Ба марзи маъмурии шаҳри Гулистон шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё ва Навгарзан дохил мешаванд ва онҳо аз маркази шаҳр дар масофаи то 230 километр дуртар ҷойгир шудаанд:

Номгӯи шаҳру шаҳракҳо

Соли таъсис

Масоҳат

Масофа то марказ

Шумораи аҳолӣ

1.01.19

Хонавода

ГУЛИСТОН

04.01.1963

1453,0 га

-

17500

4868

АДРАСМОН

26.03.1941

5950,0га

60 км

15300

2736

КОНСОЙ

11.06.1933

1190,0га

47 км

5800

807

ЗАРНИСОР

14.04.1951

3037,3 га

130 км

2300

449

ЧОРУҚДАРРОН

05.03.1945

1537,3 га

32 км

3600

824

СИРДАРЁ

26.04.1971

70 га

9 км

2700

770

НАВГАРЗАН

29.08.1964

288 га

230 км

400

117

Ҳамагӣ

-

13525,6га

-

47600

10571


ЭЗОҲ:
аз теъдоди умуми аҳолӣ : мардҳо - 23562 нафар (49.5%);

занон - 24038 нафар (50,5%);

Аз ҷиҳати иқтисоди фаъол:  28840 нафар (60,5%)

аз ҷумла занон - 14400 нафар (30,2%)

Гулистон – ҳамчун маркази саноатӣ, мардуми касбу кори гуногун – қолинбофону моҳидорон, геологҳову нақбканон, металлургҳову сохтмончиён ва барқчиёнро дар канори худ муттаҳид намудааст. Дар қаламрави шаҳр  33 корхонаи саноатӣ,  беш аз 250 муассиса ва ташкилотҳо, корхонахои хурд ва ширкатҳо фаъолият дошта, зиёд аз 47-тои онҳо ташкилотҳои буҷетӣ мебошанд.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 4 ҳизбҳои сиёсӣ - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 16 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 9 иттиҳодияҳои динӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳои Гулистон 15 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 гимназия, 9 муассисаи томактабӣ, 1 муассисаи томактабии хусусӣ ва МҒД Коллеҷи тиббӣ амал мекунанд. Дар онҳо зиёда аз 10 ҳазор дастпарварон таълиму тарбия мегиранд. Ба онҳо зиёда аз 900 омӯзгорону мураббиён таълим медиҳанд.

Дар  ҳудуди шаҳр 25 муассисаҳои тиббӣ, аз он 6 беморхона, 7 марказҳои саломатӣ, 3 хонаҳои саломатӣ, 1 маркази ташхисиву табобатӣ, 1  маркази назорати давлатию санитарӣ, 3 осоишгоҳҳо, 1 маркази солимгардонии “Усмонҷон” ва 1 маркази тибби хусусии «Сино» ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Миқдори табибон 101 нафар буда, аз он 27 нафар дар сохтори госпиталӣ, 49 нафар дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ,  10 нафар дар маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва безараргардонӣ, 1 нафар дар тибби хусусӣ ва 17 нафар дар осоишгоҳҳо фаъолият мебаранд. Кормандони миёнаи тиб бошад 308 нафар буда, аз он 126 нафар дар сохтори госпиталӣ, 118 нафар дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 12 нафар дар маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, 1 нафар дар тибби хусусӣ ва 51 нафар дар осоишгоҳҳо адои вазифа менамоянд. Таъминнокии аҳолӣ бо табибон ба 10000 нафар аҳолӣ 22,5 ва бо ҳамшираҳои тиббӣ 68,5 баробар аст.

Дар Гулистон 24 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Аз ин 10 китобхонаи оммавӣ, Кохи фарҳангии Истиқлол, 7 муассисаи клубӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, осорхонаи шаҳрӣ мебошад. Дар назди бахши фарҳанг ансамбли “Фалак”, гурӯҳи рақсии «Сафина» фаъолият доранд. Инчунин 3 боғи фарҳангиву фароғатӣ ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонад. Дар китобхонаҳо махзани китоб 111726 теъдодро ташкил медиҳад.

Баҳри оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳр 51 майдончаи варзишӣ ва 34 майдончаи бозии кӯдакона, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ, 25 толори варзишӣ амал мекунанд, ки дар як вақт имконияти қабули беш аз 1200 нафар наврасону ҷавононро дорост.

Бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2018-2020 дар давоми солҳои 2019-2020 сохтмону бунёд ва азнавсозии беш аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона ба нақша гирифта шудааст.

САЙЁҲӢ

Шаҳри Гулистонро инчунин шаҳри туризм низ меноманд. Зеро дар атрофи обанбори он – соҳили «Баҳри тоҷик»  минтақаи фароғатӣ мавҷуд буда, дар он фароғатгоҳу истироҳатгоҳҳои умумӣ ва соҳавии мухталиф фаъолият доранд.

Дар шаҳр имкониятҳои мусоид барои рушди сайёҳӣ фароҳам оварда шудааст. Дар як вақт имконияти қабул намудани 2162 нафар сайёҳон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», урдугоҳи «Шоҳин», марказҳои солимгардонии «Усмонҷон», «Соҳил» ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст.

Дар соҳаи туризм зиёда аз 418 нафар бо корӣ доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1355 сомониро ташкил медиҳад.

Дар шаҳр чор меҳмонхонаҳо, аз ҷумла «Соҳил», «Наврӯз-2000», «Далер-777» ва Маркази таълимии «Бонки миллии Тоҷикистон» дар шаҳр фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 237 нафар меҳмононро доро мебошанд.

ШАҲРАКҲОИ ТОБЕИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН

АДРАСМОН

Шаҳраки Адрасмон дар таърихи 26 марти соли 1941 таъсис дода шуда, аз маркази шаҳр дар масофаи 60 километр ҷойгир шудааст. Ин шаҳраки калонтарини Гулистон буда, беш аз 16,0 ҳазор нафар аҳолӣ дар он истиқомат мекунанд. Дар шаҳрак комбинати маъданбарории Адрасмон ва Идораи шахтасозӣ фаъолият доранд. Иқтидори яксолаи комбинат коркарди 500 ҳазор тонна маъдан ва истеҳсоли 10 ҳазор тонна консентрати қурғошиму нуқраро ташкил медиҳад. Дар мавзеи тобеи шаҳраки Адрасмон – деҳаи  Қаромазор бештар аз 90 элементи таблитсаи Менделеев ёфта шуда, қаторкӯҳи Қурамаро дар ин макон «Урали тоҷикон» низ номидаанд.

КОНСОЙ

Шаҳраки Консой боиси ифтихори Тоҷикистон аст. Ин шаҳрак 11 июни соли 1933 ташкил шудааст. Шаҳраки Консойро шаҳраки нақбканҳо низ меноманд. Дар ин шаҳрак зиёда аз 5,7 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳисоб карда баровардаанд, ки ҳар як тири ҳафтуми дар ҷанг истифода кардашуда аз сурби комбинати полиметаллии Консой истеҳсол карда шудааст. Ҳоло дар ин ҷо корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада ҶДММ «Апрелевка» фаъолият дорад. Корхона маъданҳои тиллою нуқраи мавзеи Қарамазорро кор карда, дар як сол то 3,0  тонна металлҳои қимматбаҳо истеҳсол карда метавонад.

ЧОРУҚДАРРОН

Шаҳраки Чоруқдаррон аз 5 марти соли 1945 инҷониб арзи вуҷуд намуда, дар қисмати шимолии шаҳри Хуҷанд ҷойгир гашта, қариб 3,7 ҳазор аҳолӣ дорад. Дар шаҳрак Комбинати фулузоти нодир ҷойгир шудааст. Иқтидори солонаи корхона коркарди 1,5 ҳазор тонна рехтаи фулузоти ранга мебошад.

ЗАРНИСОР

Дар шаҳраки Зарнисор (собиқ Олтинтопкан) имрӯзҳо зиёда аз 2,3 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ дорад. Шаҳраки мазкур 14 апрели соли 1951 таъсис ёфтааст. Дар шаҳрак Идораи кон фаъолият дошт, ки он бо коркардани маъдани кӯҳӣ машғул буда, истеҳсоли сурбу рӯҳ маҳсулоти асосии ин корхона мебошад. Бояд зикр кард, ки соли 2009 дар пойгоҳи ин корхона Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфт, ки дар ифтитоҳи қисмати нахустини фабрикаи маъданшӯӣ, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

СИРДАРЁ

Шаҳраки Сирдарё шаҳраки геологҳо буда, 26 апрели соли 1973 таъсис ёфтааст. Дар ин шаҳрак қариб 2,7 ҳазор нафар зиндагӣ доранд. Дар шаҳрак Экспедитсияи комплекси геологии Гулистон фаъолият дорад. Самти асосии фаъолияти ин корхона ба тадқиқоти зеризаминӣ, дарёфти конҳои нав, назорати меъёри обҳои зеризаминӣ ва ташхиси кӯҳу хоктеппаҳо мебошад.

НАВГАРЗАН

Шаҳраки Навгарзан дурдасттарин шаҳракҳои Гулистон буда, санаи 29 августи соли 1964 ташкил ёфтааст. Алҳол дар он 400 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Солҳои пеш дар ин шаҳрак коркарди маъдани кӯҳӣ ба роҳ монда шуда буд.

 

НБО «ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

НБО-и «Дӯстии халқҳо», ки асосгузори бунёди шаҳри Гулистон аст, аз соли 1957 инҷониб барои хоҷагии халқ қувваи барқ истеҳсол менамояд. То ба имрӯз ин Нерӯгоҳи барқӣ зиёда аз 40 миллиард киловатт-соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Ҳамчунин дар заминаи ин нерӯгоҳ обанбори Гулистон низ ба хоҷагии халқи вилояту минтақаи Осиёи Миёна аҳамияти хоса дорад.

Обанбори Гулистон ба ҳисоби иншооти мавсимӣ-танзимшаванда дохил мегардад. Масоҳати умумии обанбор ё худ бо номи рамзии  «Баҳри тоҷик» 520 км  мураббаъ, ҳаҷми ғунҷоишаш беш аз 5 млрд. мукааб об буда, дарозиаш 55 км, бараш 9 км (дар баъзе мавридҳо – 17 км), чуқуриаш 8 м (дар баъзе ҷойҳо то 25 м)-ро ташкил медиҳад.

Алҳол 6 агрегати  НБО-и «Дӯстии халқҳо»ба иқтидори умумии то 750 млн. кВт соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, ки он 20 фисади талаботи вилояти Суғдро таъмин менамояд.

Аз охири солҳои 60-ум сар карда, шаҳри Гулистон бо истеҳсоли моҳӣ ва моҳипарварӣ шуҳратманд гардидааст.

 

ҶСК ҚОЛИНҲОИ ҚАЙРОҚҚУМ”

Ҷамъияти саҳҳомии кушоди «Қолинҳои Қайроққум» соли 1959 ба кор шурӯъ намудааст.

Сохтмони корхонаи қолинбофи соли 1957 дар мавзеи ноободи шаҳри Гулистон (Қайроққум) оғоз гардида буд. Бунёди иншооти корхона “сохтмони умумииттифоқӣ” эълон шуда 8-уми марти соли 1960 қолини аввалин истеҳсол карда шуд. Бо дарназардошти меҳнати пурмаҳсули қолинбофон соли 1965 бо қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ба Комбинати қолинбофии қайроққум номи В.И.Ленин дода шуд.

Натиҷаи арзандаи панҷсолаи нуҳум, ки соли 1976 Комбинати қолинбофии Қайроққум бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сазовор гардонида шуд. Аз оғози фаъолияти корхона, қолинбофони Қайроққум ҳамеша пешсафони меҳнат буда, уҳдадориҳои худро сарбаландони иҷро менамуданд. Меҳнати суботкоронаи қолинбофон буд, ки ба якчанде аз онҳо ба монанди Муътабар Раҳмонова, Муҳсин Раҳимов, Вера Орлова унвони олии Қаҳрамонони Меҳнати Сосиалистӣ дода шуд.

Дар соли 1992 Комбинати қолинбофӣ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда ба шакли нави хоҷагидорӣ, яъне ба ҷамъияти саҳомӣ гузаронида шуд.

Қолинҳои корхона берун аз ҷумҳурӣ низ маълуму машҳуранд, ки туҳфаҳои гирифта шуда нишони он мебошад:

-      Тӯҳфаи байналхалқии “Глобуси тиллои” 07.02.1996 дар шаҳри Копенгаген;

-      “Аркаи Авруппо-99” Франсия, Париҷ, 12.04.1991;

-      “Ситораи платини оид ба сифат”30.10.2000;

-      Туҳфаҳои хотравии Саммити сифат, 06.05.2001;

-      Ҷоизаи аввали озмуни умумиҷумҳирявии “Маҳсулоти беҳтарини сол” ва монанди ин

Иқтидори умумии он аз 10 миллион метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ, 1,3 ҳазор тонна нахи пашмин дар як сол мебошад ва яке аз корхонаҳои калонтарини ин соҳа дар миқёси Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар ин корхона то солҳои навадум қариб 6 ҳазор нафар қолинбофон фаъолият доштанд.

 

ШИФО

Ташаббускори ташкили ин истироҳатгоҳ ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» мебшад. Бунёди осоишгоҳ аз соли 1987 ба мақсади ташкили истироҳату фароғати кормандони ин корхона оғоз ёфта, расман аз 22-юми феврали соли 1988 ба кор сар кардааст. Ҳанӯз дар даврае, ки сохтмони осоишгоҳ идома дошт, бо тавсияи мутахассисон духтури дилшинос Шарифҷон Абдуллоев ба вазифаи сардухтур ба кор даъват шуд. Дар тӯли се моҳ сардухтур воҳиди кормандонро муайян кард, мутахассисон ва кормандони техникӣ-санитариро ба кор даъват кард, хулоса осоишгоҳро пурра ба кор омода намуд.

Дар осоишгоҳ, ки аз бинои сеошёнаи дорои 100 ҷои қабул ва котеҷҳои алоҳида барои 50 нафар иборат аст, тамоми шароитҳои истироҳат ва табобат мавҷуд аст.

Дар инҷо беморони дорои нуқси узвҳои ҳаракат, илтиҳоби системаи асаб, узвҳои нафас, системаи дилу рагҳо ва амрози занона бомуваффақият ташхис ва табобат меёбанд. Ба хизмати мизоҷон дар ин ҷо чунин навъҳои табобат пешниҳод мегардад:

-табобати иқлимӣ (бо кумаки ҳавои хушку гарм, оби гарми баҳр ва қуми гарм);

-галатерапия-нақби сунъии шӯр, ки барои бемориҳои диққи нафас, тамоми бемориҳои гулу ва аллергия манфиатбахш мебошад;

-табобат бо гармӣ;

-табобати барқӣ;

-табобат бо озекрит;

-табобат бо парафин;

-сӯзанмонӣ;

-терапияи квантӣ.

Дар осоишгоҳ утоқҳои духтури дандон, амрози занона, сауна бо ҳавзи болопушида, маҳси дастӣ ва механикӣ мавҷуданд.

Ибтидо аз соли 2010 якумин шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишгоҳи «Шифо» соҳиби таҷҳизоти комплексии УИЛ (Узкоспектарлҳное инфракрасное лечение) гардид, ки тавассути он метавон бемориҳои узвҳои ҳозима, аз ҷумла холестетсит ва панкриатитро, инчунин, пешгирии диабети қанд (ретинопатия ва антиопатия) бемориҳои узвҳои шошадон (простатит, энурез, уретрит, миомаи бачадон, кистаи тухмдон, эндометрит), илтиҳоби фаъолияти ғадуди зери меъда ва ғайраҳоро табобат намуд.

Дар осоишгоҳи «Шифо» барои муштариён чойхона, ҳавзи шиноварӣ, ҷои махсуси оббозӣ дар Баҳри Тоҷик мавҷуд буда, хоҳишмандон ба ҷойҳои таърихӣ ва мавзеъҳои ҷолиби вилоят ба сайёҳат бурда мешаванд.

 

«КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН»

Муассисаи таълимии  ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки тибқи супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷалби соҳибкорон баҳри рушду нумуи соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» таҳти № 600 аз 31 октябри соли 2009   аз тарафи   муассисон Қосимов Абдураҳмон Нуритдинович, Комилов Комилҷон Ҳакимҷонович  соли 2013 таъсис дода шудааст.

Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон  фаъолияти кории худро дар асоси Оинномаи Муассисаи таълимии ғаӣридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон» ба роҳ монда, дорои «Иҷозатнома» оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ№0002170, таҳти фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12.10 соли 2016 № 3851 буда,  ҳамзамон дорои «Иҷозатнома»-и ВТҶТ ва ВМИҶТ оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, силсилаи №0000033 аз 18.05 2016, рақами ба қайдгирӣ -50, дорои «Шаҳодатнома»-и ВТҲА «Дар бораи аккредитатсияи давлатӣ», силсилаи ВТҲИА №0000022  аз санаи 13.10. 2016 мебошад.

Коллеҷи тиббӣ  донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ» баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11) ва баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумии асосӣ (синфи 9), «Кори момодоягӣ», «Кори  тиббӣ-ташхисӣ», «Кори тиббӣ- офиятӣ», «Кори фарматсевтӣ» ва соли таҳсили 2017-2018 инҷониб боз аз рӯи ихтисоси  «Кори табобати дандон», «Кори ҳамширагӣ дар косметология» ва «Кори умумитиббӣ» қабул менамояд.  Барои  раванди таълиму тарбия ва  тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии тиббӣ дар муассиса устодону омӯзгорони пуртаҷриба фаъолият мебаранд. Айни замон дар коллеҷи тиббӣ 4 нафар профессорон, 4 нафар номзадони илм ва дорандагони унвони «Корманди шоиста» ва аълочиёни тандурустиву  маориф ҷалб карда шудаанд.

Бинои таълимии муассиса  аз 4 ошёна иборат буда, дорои китобхона бо 60 нафар ҷойи нишаст, ошхона барои 250 нафар ҷойи нишаст, 55- то утоқҳои дарсӣ, 4 толори калони лексионӣ, толори варзишӣ бо тамоми шароитҳои муосир мебошад. Ҳамаи утоқҳои дарсӣ ва толори варзишӣ бо нуқтаи гармидиҳии марказонидашуда таъмин карда шудааст. Ғунҷоиши бинои таълимии муассиса дар як баст барои 600 нафар донишҷӯ мувофиқат мекунад. Аудиторияҳо бо айёниятҳои фаннӣ ва технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо микроскопҳои электронӣ, диапроекторҳо, доскаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шуда, синфхонаҳои  компютерӣ ба шабаки интернет пайваст мебошад.

Ҷолиби қаӣд аст, ки ба муассисаи таълимӣ қабули донишҷӯён аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда,  хатмкунандагони он  дар муассисаҳои табобативу профилактикӣ  кору фаъолият менамоянд.

Агар дар соли таҳсили 2015-2016  105 нафар донишҷӯёни муассиса аз рӯи ихтисоси «Кори ҳамширагӣ» таҳсилотро хатм карда бошанд, пас дар  соли 2016-2017 аз  200 нафар хатмкардагон аз рӯи ихтиссоси «Кори ҳамширагӣ»- 156, «Кори тиббӣ- ташхисӣ»-16, Кори тибби- офиятӣ»-19 ва аз руи «Кори момодоягӣ» 9 нафари мебошанд, ки   аз онҳо  13 нафарашон  соҳиби  дипломи дараҷаи аъло шудаанд.

 

ГУЛИСТОНИҲО ДАР «ТОҶИКОН»-И

АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

«Дар соҳили рости Сирдарё самти шарқии Ленинобод (ҳозира Хуҷанд-И.Р.) дар маҳалли биёбонии Қайроққум (Гулистон) даҳҳо маскани давраи тараққӣ ва охири марҳилаи аҳди биринҷӣ (ҳазорсолаи 3-2 пеш аз милод-И.Р) дарёфт ва тадқиқ шудаанд. Аксари масканҳо хурд буда, аз  0,1 то 0,3 гектар масоҳат доранд, вале дар байни онҳо маканҳои хеле калон ҳам ҳастанд, ки масоҳати қариб 10 гектарро ишғол намудаанд. Ҳар як маскан аз якчанд нишемангоҳ иборат буд, ки дарозиаш ба 20 метр ва бараш ба 12-15 метр мерасанд.

Қайроққумиҳо (гулистониҳо) асосан машғули чорводорӣ буданд. Аз ин рӯ дар масканҳо устухони гӯсфанд, буз, гов ва асб ҷамъ шудааст. Ба таври фаровон мавҷуд будани ҳовангу (ухурча), ос (осиё), ки барои ярма ва орд кардани ғалла хизмат мекарданд, аз ривоҷ доштани зироат гувоҳӣ медиҳанд.

Яке аз машғулиятҳои асосии қайроққумиҳо (гулистониҳо) кори маъдан ва фулузгудозӣ буд. Дар маскани онон даҷғолаҳои аз гудозиши биринҷӣ боқимонда ва қолибҳои сангӣ барои рехтани метин ва табарҳои биринҷӣ ёфт шудаанд.

Сафолоти Гулистон ба сафолоти Тозабоғёб (маҳал дар назди баҳри Арал – И.Р.) шабоҳат дорад. Қайроққумиҳо (Гулистониҳо) барои ороиши зарфҳои сафолӣ қолибҳои махсуси мусаттаҳ ва дандонадорро кор мефармуданд.

Дар худи Қайроққум (Гулистон) дафнгоҳи одамони аҳди биринҷӣ пайдо гардиданд. Қабилаҳои гулистонӣ як қисмати гурӯҳи калони қабилаҳои аҳди биринҷии саҳроиро, ки он вақтҳо баъзе ноҳияҳои води Фарғона ва воҳаи Тошкандро ишғол намуда, дар ҳудуди Ҳафтрӯд бо қабилаҳои андромин (Қазоқистони Ҷанубӣ)  пайваста буданд, ташкил мекардаанд. Маданият ва маҳалро маданияти қайроққумиҳо (гулистониҳо) меноманд. Қайроққумиҳо (гулистониҳо) дар шимоли Тоҷикистон ғайр аз худи Қайроққум (Гулистон) дар райони (ноҳияи) Шаҳристон низ сукунат доштаанд.  Осори маданияти моддии онҳо аз қабатҳои болои мағораи Оқтанга ёфт шуд.

«Тоҷикон», ҷ. 1, саҳ 35-36. Ба чоп омодасоз Илҳом Раҳим

 

ИЛҲОМ РАҲИМ

ГУЛИСТОНИ МАН

Гулистони ман, эй баҳори ман,

Эй шаҳри зебо дар диёри ман.

Бошӣ мудомам бандари уммед,

Шавқи дили ман, эй қарори ман.

Эй шаҳри барқӣ, эй сурури Нур,

Эй Каъбаи ман, эй ғурури Нур.

Кохи саноат кардаи бино,

Дар соҳили Сир, эй сутури Нур.

Гулистони ман, «Баҳри тоҷикӣ»,

Сарсабзу хуррам шаҳри тоҷикӣ.

Хушрангу обод, гаштаӣ кунун,

Фахрам ҳамеша, баҳри тоҷикӣ!

Мӯъҷиза дорад кони Гулистон,

Густурда доим хони Гулистон.

Дар ифтихорам аз макони хеш,

Мо ҷонфидои ҷони Гулистон.

Дар қолини ту шақши гузор аст,

Дар маъдани ту нафъи бисёр аст.

Эй шаҳри дӯстӣ, эй нишони Меҳр,

Рушду нумӯят ваҳдати ёр аст.

Гулистони ман, эй баҳори ман,

Эй шаҳри зебо дар диёри ман.

Эй Каъбаи ман, эй сурури Нур,

Шавқи дили ман, ифтихори ман.

 

ГУЛИСТОН

Ба фахри давлату миллат Гулистон шуд, шаҳри ман,

Ба ному сурату сират Гулистон шуд, шаҳри ман.

Макони маъдани нодир, макони олами нур аст,

Зи файзи ваҳдати мо нурборон шуд, шаҳри ман.

«Баҳористон*» оғӯшаш, «Шифо*» бахш аст «Соҳил*»ҳош,

Зи меҳру ишқ ҷойи дӯстдорон шуд, шаҳри ман.

Нигар дар «Баҳри тоҷик», лаҳзае мавҷи хиромонро,

Бинозам шуҳраи гардуни гардон шуд, шаҳри ман.

Ба файзу нусрату ҳиммат чу шаш қитъа ҷамоатҳош,

Бубин фахру ҷалоли Тоҷикистон шуд, шаҳри ман.

Бигӯ Илҳом васфашро кунун бо файзи истиқлол,

Канораш дилпазиру ҳам гулистон шуд шаҳри ман.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:700
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3209
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20242
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:20605
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:60469
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:97853
mod_vvisit_counterҲамагӣ:3348213

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?