Сатри равон
(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Дар шаҳри Қайроққум пас аз 35 солаи арзи ҳастии шаҳрии қолинбофону моҳидорон, геологону сохтмончиён, нақбканону барқчиён ва металлургҳо нахустин нашрияи расмии шаҳрӣ таҳти сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум таҳти унвони «Соҳил» чашм ба олами ҳастӣ кушод. Албатта, бояд қайд кард, ки дар ин муддати мавҷудияти шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» кӯшишҳое дигаре низ буданд, то рӯзномае дар шаҳри мо пайдо шавад. Дар ин миён нашрияи қолинбофон – «Қолинбофон» Маҳмудҷон Мақсудов таи шаш сол (8 марти соли 1989-1995) арзи вуҷуд намуд. Инчунин моҳномаи расмии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ таҳти И.Шерали «Ганҷбахш» қариб се сол фаъолият дошт. Ҳамчунин нашрияҳои хусусии «Суғдиён-777» ва «Барқчӣ» (якшумора) нашр гардиданд. Аммо, мутаассифона, тамоми ин нашрияҳои пештара бо сабабҳои мухталиф дар ҷодаи пурпечитоби матбуот қадами устувор монда натавониста, аз байн рафтанд.

Ҳафтаномаи «Соҳил» бо қарори раиси шаҳри Қайроққум таҳти рақами 111 аз 11 марти соли 1998, таъсис дода шудааст. Шумораи махсуси он санаи 21 марти соли 1998 бахшида ба Иди Наврӯзи Аҷам ва шумораи аввалини он рӯзи 1 апрели ҳамон сол ба дасти муштариён расид. Ташаббускори ташкил намудани рӯзномаи шаҳрӣ сармуҳаррири рӯзнома Илҳоми Раҳим Мадализода мебошад.

«Соҳил» соли чордаҳум аст, ки фаъолият дорад ва он маҳбуби сокинони шаҳру шаҳракҳо гардидааст. Нашрия таҳти шиори рамзии «Дар қатрае дарё бубин» ҳафтае як маротиба - рӯзи чоршанбе ба табъ расида, ҳадафи худро дар он нуқта қарор додаст, ки ягон рӯйдод, ҳодиса ва ё воқеае, ки дар шаҳру шаҳракҳо, корхона, муассисаву ташкилот ба вуқӯъ пайвастаанд, аз мадди назар ва бе нигоришу гузориши он дар саҳифаҳои рӯзнома дар канор намонад.

Аз соли 2004 рӯзномаи «Соҳил» ба тарзи офсетӣ аз чоп мебарояд. Ин бешак, воқеаи хурсандибахш ва фаромӯшнопазир мебошад. Зеро сифати чоп, тарзи хонданбоб дастрас намудани маводҳо ва бо нақшу нигор ва аксҳои ашхосу воқеот нашр гардидани «Соҳил»-ро хонандагони он тайи чанд сол интизорӣ доштанд.

Ҳамчунин бо як ҳисси ифтихор ва сипосгузорӣ мехостем номи кормандон ва мухбирони фаъолу дилсӯзи «Соҳил» бо камоли эҳтиром ба забон бигирем. Кормандон ва мухбирони фаъоли рӯзнома таи сенздаҳ сол қабили Абдушаҳид Аминов (равонашон шод бод!, собиқ муовини сармуҳаррир), Гулсара Баротова, Муродхон Муҳаммадҷонов, Шӯҳрат Норматов, Фирӯз Гадоев, Наташа Ярушкина, Рустамҷон Одизода, Абдуғаффор Ғоибов, Акбарали Усмоналиев, Ғозибек Яҳёев, Қумри Абдусатторзода, Асадуллои Ҳабиб ва дигарон буданд, ки барои хонданбобу рангин чоп гардидани ҳар як шумора саҳмгузорӣ намуданд ва пайваста бо идораи рӯзнома ҳамкорӣ менамоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:495
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1697
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5571
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11097
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37461
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57969
mod_vvisit_counterҲамагӣ:603813

Мо дар Фейсбук