Матни равон

Имрӯз 7-уми октябри соли 2026 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Муслимахон Ҷамолиён – муовини Раиси шаҳри Гулистон, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдумалик Қурбонзода – сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии Марказ ва Розиқхӯҷа Мусозода – сардори шуъбаи қонунгузорӣ, молия, гумрук ва андози Марказ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳадафу вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайянгардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ заминаи рушди устувори кишвар мебошад.

Ҳамзамон, доир ба нақши Маркази миллии қонунгузорӣ дар такмили низоми қонунгузории кишвар, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъмини асосҳои илмии қонунэҷодкунӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар идомаи вохӯрӣ муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуда, зикр гардид, ки татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

Дар анҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён ва намояндагони Маркази миллии қонунгузорӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои сокинон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи қонунгузории амалкунанда посухҳои мушаххас дода шуданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1985
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3199
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:36114
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25429
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51787
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10122269

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?