Сатри равон

Минтақаҳои истироҳатӣ

Туризм дар шаҳри Гулистон рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда мешавад. Дар як вақт имконияти қабул намудани 1783 истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳои “Баҳористон”, “Шифо”, “Соҳил”, урдугоҳи “Шоҳин”, маркази солимгардонии “Усмонҷон” ва меҳмонхонаҳо мавҷуд аст.

Бояд қайд кард, ки дар минтақаҳои истироҳатии шаҳр дар баробари истироҳаткунандагони ватанӣ, ҳамчунин сафи истироҳаткунандагони хориҷӣ ҳамасола меафзояд.

Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2018-ум 1782 меҳмонони хориҷӣ ва 9333 истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳҳо, урдугоҳ ва марказҳои солимгардонии шаҳри Гулистон ташриф оварданд. Дар маҷмӯъ давоми шаш моҳ 11115 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нимсолаи якум аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки аз он 2 миллиону 484,4 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.

Дар соҳаи туризм зиёда аз 497 нафар бо кори доимӣ таъмин шуда, музди миёнаи маоши онҳо 1319 сомониро ташкил медиҳад. Тадриҷан сол то сол баробари афзоиши шумораи кормандони осоишгоҳҳо, ҳамчунин музди маоши онҳо низ зиёд мегардад.

Дар шаҳр 3 меҳмонхонаҳо, аз ҷумла “Соҳил”, “Наврӯз-2000” ва “Далер-777” фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 73 нафар меҳмононро доро мебошанд. Дар шаш моҳи соли 2018 дар меҳмонхонаҳои шаҳр расман 13 меҳмонони хориҷӣ ва 1744 нафар ватанӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар маҷмӯъ 1757 меҳмонони ватанию хориҷӣ қабул намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми умумии хизматрасонӣ аз ҳисоби меҳмонон 718,2 ҳазор сомонӣ ташкил дода, ки аз он 6,2 ҳазор сомонӣ ба меҳмонони хориҷӣ рост меояд. Инчунин шумораи кормандони меҳмонхонаҳо 16 нафарро ташкил дода, музди меҳнати онҳо ба 549 сомонӣ баробар аст.

Дар ҶДММ «ОСОИШГОҲИ БАҲОРИСТОН» 318 кормандон фаъолият дошта, музди миёнаи меҳнати онҳо 1993 сомониро ташкил медиҳад. Дар як шабонарӯз осоишгоҳ 878 нафар меҳмононро қабул карда метавонад.

Осоишгоҳи КВД «ШИФО» дар як шабонарӯз 146 нафар мизоҷонро қабул карда метавонад. Теъдоди кормандони осоишгоҳ 99 нафарро ташкил дода, музди миёнаи маош 1245 сомонӣ мебошад. Хизматҳои гуногуни тиббӣ-табобатӣ расонида мешавад.

ҶДММ МАРКАЗИ ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНИИ «СОҲИЛ» дар як шабонарӯз то 105 истироҳаткунандагонро қабул карда метавонад. Дар осоишгоҳи мазкур 30 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди миёнаи меҳнати онҳо ба 608,5 сомонӣ баробар аст.

ҶДММ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ «УСМОНҶОН» 34 ҷойи истироҳатӣ дошта, хизматрасониҳои гуногуни табобатӣ ба истироҳаткунандагон пешниҳод мегардад. Дар Маркази мазкур алҳол 12 нафар кормандон фаъолият дошта, музди миёнаи кормандон 838 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҶДММ «ШОҲИН-БМТ»  46 нафар кормандон фаъолият дошта, музди меҳнати миёнаи онҳо 1446 сомониро ташкитл медиҳад. Дар як шабонарӯз 650 нафар сайёҳонро қабул мекунад.

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2160
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2606
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11725
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15305
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37854
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:63994
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1120169

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар