Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинону соҳибкорони ватандӯсти шаҳраки Адрасмон ба корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар маъракаи мумфаршкунии роҳҳои кӯчаҳои марказии шаҳрак иштирок намуда, ба ташаббуси сокинону соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд дод.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки саҳми сокинон дар ободонии маҳал шоистаи таҳсин буда, чунин иқдомҳои созанда бояд минбаъд низ идома дода шаванд. Зеро ободии маҳал ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ аз ҳамдилию ташаббускории худи сокинон низ вобастагии зиёд дорад.






Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи саноат, бунёду барқарорсозии корхонаҳои калон ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.
Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонхонаи «Симин» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Имрӯз, 10 августи соли 2026 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди Раиси шаҳри Гулисто баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
Имрӯз, 08.08.2026 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи варзишгарон чорабинии идона баргузор карда шуд.














