Матни равон

Соҳаи тандурустии шаҳр ҳанӯз дар соли 1947 вақте, ки корҳои лоиҳавӣ оид ба сохтмони Неругоҳи барқӣ оғоз гардида, бунёди шаҳри Қайроққум (Гулистони ҳозира) сар шуд, бори аввал бунгоҳи – тиббӣ барои 25 кат сохта мешавад.

Соли 1951 сохтмони Неругоҳи барқӣ оғоз мегардад ва соли 1952 якумин духтур Солиев А.С. ба кор меояд. Ҳамагӣ 2 нафар ҳамшираи шафқат ва 1 нафар фелдшер Ҷӯраев фаъолият менамуданд. Соли 1954 аз шаҳри Хуҷанд духтур Алиев М., соли 1957 Бисерева Р.О., духтури бемориҳои сироятӣ Резванова Рашида Ҳасановна, соли 1958 духтури амрози дарунӣ Раззоқов Абдаулӣ, эпидемиолог Турсунов ба табобати беморон машғул буданд.

Соли 1954 шумораи катҳои бунгоҳ то ба 50 адад расид.

Бунгоҳ аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, терапевтӣ, бачагона, таваллуд, ва дармонгоҳ иборат буд. Кормандони тиб асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давалтии тиббии Тоҷикистон (ҳамовақта Сталинобод) ва аз дигар собиқ шаҳрҳои Иттиҳоди Шуравӣ омада, таъмин карда мешуд.

Соли 1959 дар соҳаи тандурустӣ тағйироту дигаргунӣ рух дод. Беморхонаи муттаҳидаи ноҳияи Хуҷанд ташкил карда шуда, сардухтури он Солиев А.С. ва муовини сардухтур Разетов А. таъин шуданд. То соли 1980 вазифаи сардухтуриро Солиев А.С. ба уҳда дошт.

Соли 1963 ҳангоми мақоми шаҳрро гирифтани Қайроққум шумораи катҳои беморхона ба 100 адад расида, доираи хизматрасонии он хеле васеъ гардид. Ба ихтиёри соҳаи тандурустии шаҳр бунгоҳҳои санитарию тиббии шаҳракҳои Адрасмон, Олтин-Топкан (Зарнисори имрӯза), Консой, Қуруқсой, Такелӣ, дармонгоҳи Сирдарё ҳамроҳ карда шуданд.

Дар ин давра дар инкишофи соҳаи тандурустии шаҳр Аълочиёни соҳаи тандурустии ИҶШС – Солиев А.С., Лихтенвалд И., Бачинская А.Т., Бисерова Р.О., Белич М.Я. саҳми босазо гузоштанд ва умуман 25 нафар табибон монанди Неъматов М., Сафаров Ҷ., Исмоилов Н., Ҷуравлёва Р., Забавин В.А., Прохорова Л.И., Фокин П.П. фаъолият доштанд.

Аввалин ҳамшираҳои шафқат Белич М.Л., Каноева Е.В., Сафина М., Ковал Л.И., Корякова Г.М., Сухаверикова А.В., Иброҳимова, Шаҳматова В.В., Микеев Т.М., Сигачева Н.Г., фелдшерон Ҷӯраев, Тошпулотов, Шарипов буданд, ки дар барқарор кардани саломатии беморон хизмат кардаанд.

Соли 1967 шуъбаи бемориҳои сирояткунанда кушода шуд, ки мудири аввалинаш – Бачинская А.Т. ва сипас солҳои 90-ум онро Резванова Р.Х. ба уҳда доштанд.

Дар комбинати «Қолинҳои Қайроққум» бунгоҳи тиббӣ фаъолият дошт, ки дар он табибон Қодиров К.К., Волошева Р.Ф. барои коркунони ин корхонаи азим хизмати тиббӣ расонидаанд.

Дармонгоҳи ҳозира Маркази саломатии шаҳри Гулистон (Қайроққум) соли 1953 таъсис дода шуда, бинои аввалаи он дар кӯчаи Садриддин Айнӣ, бинои 11 ҷойгир шуда буд. Баъди зилзилаи 13 октябри соли 1985 сохтмони бинои нави Дармонгоҳ оғоз гардида, он соли 1989 ба истифода дода шуд. Ин бинои нави замонавӣ аз 3 ошёнава 116 утоқ иборат аст.

Айни замон дар он зиёда аз 30 нафар кормандони маълумоти олидор, зиёда аз 40 нафар кормандони маълумоти миёнаи  тиббӣ дошта, 9 нафар парасторзанҳо ба сокинони хизмати тиббӣ мерасонанд.

Маркази саломатиро шахсони зерин сарварӣ кардаанд: солҳои 1983-1984 Бачинская А.Т., солҳои 1984-1985  Раҷабқулов А.Ҷ., солҳои 1985-1987 Абдуллоев Ш.А., солҳои 1987-1995 Махсудов А.М., солҳои 1995-2000 Қодиров Ҳ.М., солҳои 2000-2009 Ҳафизов А.А. солҳои 2009-2016  Сармусоқова Г.П., аз соли 2009 дармонгоҳ аз мувозинати БМШ бароварда шуда, Маркази саломатии шаҳр ташкил карда шуд ва Мадаминова Г. К. аз моҳи ноябри соли 2016 то ин ҷониб сарварии шабакаҳои КАТС-ро ба уҳда дорад.

Алҳол сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр аз моҳи ноябри соли 2016 Пулодиён Гулсанам Пулодзода мебошад.

Имрӯз сохтори муассисаҳои тиббии шаҳр иборат аз 5 беморхонаҳо, 7 маркази саломатӣ ва 3 хонаи саломатӣ мебошад. Ба аҳолии шаҳр 49 нафар духтурон ва 128 нафар кормандони миёнаи тиббӣ хизмати тиббӣ мерасонад.

Фаъолияти соҳаи тандурустии шаҳр  асосан ба баланд бардоштани дараҷаи ихтисоснокии кормандони соҳаи тандурустӣ, ворид намудани усулҳои нави табобат, ташхис, харидории таҷҳизоти нав, пурзӯр намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар байни аҳолии шаҳру шаҳракҳо равона карда шудааст.

Беморхонаи марказии шаҳр аз 9 шуъба ва нуқтаи ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла: шуъбаи амрози дарунӣ – 50 кат, шуъбаи ҷарроҳӣ 25 – кат, шуъбаи амрози занона 22 – кат, шуъбаи сироятӣ - 30 кат, шуъбаи бачагона 10 кат, шуъбаи таваллуд – 18 кат иборат мебошад.

Дар Беморхонаи марказии шаҳр 16 нафар табибон, ки аз он 8 нафар дараҷаи тахассусӣ доранд, 3 нафар мутахассисони ҷавони соҳа, 60 нафар кормандони миёнаи тиб, ки аз онҳо 23 нафар дараҷаи тахассусӣ дорад ва 16 нафар мутахассисони ҷавони соҳа фаъолият доранд.

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:983
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1361
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9100
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8430
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9738
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8219250

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?