94
(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)
Муаллиф: Administrator
|
23 Феврал 2013
Муовини аввали Раиси шаҳр роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсияи шаҳр дар ӯҳда дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ, энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсияи шаҳрро, аз ҷумла коргоҳҳои саноати мудофиавӣ ва сохтмони саноатиро ба роҳ мемонад. Масъалаҳои соҳаи рушди иқтисод ва савдо, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод, ислоҳоти иқтисодӣ, пулию қарзӣ, буҷету андоз, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, савдои дохилӣ ва берунӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, илмию техникӣ, омори давлатӣ, стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва фаъолияти зидди инҳисориро дар қаламрави шаҳр амалӣ менамояд.