23 Сентябр 2026
Имрӯз, 22 сентябри соли 2026, дар деҳаи Зарчашмаи шаҳраки Адрасмон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд купруки навбунёди байни маҳаллаҳо бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода, раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, намояндагони мақомоти давлатӣ ва масъулину сокинони шаҳрак купруки навбунёд бо 56 метр дарозӣ ва 4,5 метр баландӣ, барои беҳтар гардидани ҳаракати сокинон ва рушди инфрасохтори деҳа мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур қадами дигаре дар роҳи ободонӣ, созандагӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.





















