23 Сентябр 2026
Шоми 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокдорон ва меҳмонони шоми идонаи фарҳангиро ба муносибати солгарди 35-уми ҷашни истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки истиқлолу озодӣ — арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон — Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ гардиданд. Танҳо дар панҷ соли охир, яъне дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду навсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда 3400 иншоот зиёд мебошад.
Аз дастгириҳои давлатӣ ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
“Таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст, — изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти кишвар амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми “Истиқлол” ва “Шаҳристон”, таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе — Чаноқ ва Айнӣ — Панҷакентро дар баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани амнияти кишвар аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон масъулияти баланд ва талоши доимиро талаб менамояд.
“Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем”, — изҳор намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пас аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони чорабинӣ барномаи рангини консертии устодони санъати кишвар ва ҳунармандони вилояти Суғд баргузор гардид.
Таҳиягарони барнома бо пешниҳоди суруду мусиқӣ ва рақсҳои дилнишин тавонистанд тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллатро дар таъмини сулҳу субот, ба ҳам овардани мардум, ба як кишвари воҳид мубаддал кардани Тоҷикистон ва пешниҳодҳои чаҳонии Роҳбари давлат оид ба ҳалли масоили мубрами сайёраро бо тарҳу намои зебо пешкаши меҳмонон намоянд.
Ҳунармандон бо истифода аз эҷодиёти шоирони шинохта ва оҳангсозони маъруф дар васфи Ватан, Истиқлолу Ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ сурудҳо иҷро карда, ба фазои идона шукуҳу азамат зам намуданд.





















