01 Октябр 2026
Имрӯз, 01.10.2026 дар шаҳри Гулистон ба ифтихори гусели наваскарон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии идона ҷавонони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва даъватшавандагон иштирок намуданд.
Роҳпаймочиён бо шиору овезаҳо аз назди Майдони Парчами давлатии шаҳр то ба назди Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр роҳпаймоӣ намуданд.
Сипас, дар назди Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр чорабинии тантанавии гусели наваскарон оғоз гардид.
Лозим ба зикр аст, ки шаҳри Гулистон дар рӯзи нахустини даъват нақшаи сафарбариро пурра иҷро намуд.





















