05 Май 2025
Имрӯз, 5 майи соли 2025 дар толори Нозироти андози шаҳр Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти андоз кормандони нозироти андози шаҳрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳният намуд.
Таъкид карда шуд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ҳамасолаи 4 - уми май дар қаламрави кишвар ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати давлатӣ аз болои пардохти саривақтӣ ва андозҳо мебошад, ки дар таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми босазо дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти муҳими фаъолияти мақомоти андоз чунин таъкид намудаанд: «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба кормандони нозироти андози шаҳр дар иҷрои рисолати пурмасъул барору комёбӣ орзу намуда, изҳори итминон намуд, ки кормандони соҳа минбаъд низ ба хотири рушди устувори давлат саҳми арзишманд мегузоранд.
Сипас, дар вазъи тантанавӣ кормандони нозироти андози шаҳр барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.