02 Май 2025
Санаи 02.05.2025 дар ҶДММ Осоишгоҳи "Баҳористон"-и шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни "Ҳамшираи беҳтарин", ки бо ташаббуси соҳаи тандурустии шаҳр роҳандозӣ гардидааст, бо иштироки ҳамшираҳои шафқат аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид. Дар озмун муовини Раиси шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки баргузории озмуни "Ҳамшираи беҳтарин" барои баланд бардоштани рӯҳияи кормандони соҳа ва тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, афзуда шуд, ки дар зиндагӣ ҳастанд инсонҳое, ки бо меҳрубониашон дили дигаронро ором мекунанд. Онҳо ниёз ба саҳна ва шуҳрат надоранд. Онҳо қаҳрамонанд, вале ором ва хоксор. Онҳо – ҳамшираҳои шафқатанд.
Ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар лаҳза онҳо бо чеҳраи пурнур, бо лабони пуртабассум, бо дилу ҷон хизмати инсонро мекунанд. Онҳо аввалин касонеанд, ки ба бемор тасаллӣ медиҳанд ва бо дастони пурмуҳаббат дору медиҳанд. Вақте бемор ашк мерезад, ҳамшираи шафқат аст, ки дар паҳлӯяш менишинад ва бо суханони нармаш ба ӯ оромӣ мебахшад.
Ҳамшираи шафқат будан танҳо пӯшидани либоси тиббӣ нест — ин маънои садоқат, меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббат ба инсонро дорад. Онҳо шабҳо бедор мемонанд, то беморон ором бихобанд. Онҳо хаста мешаванд, вале лаб ба шикоят намекушоянд.
Ҳар лаҳзаи хизмати онҳо пур аз масъулият ва рисолат аст.
Ҳамшираи шафқат намунаи ҳақиқии инсоният, меҳрубонӣ ва садоқат аст.
Сипас, кори озмун ҷараён гирифта ҳайати ҳакамон аз рӯи маҳорати иштирокчиён ба онҳо баҳогузорӣ карда, ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.