Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарсабзу хуррам намудани шаҳр ва шафати роҳҳо санаи 19.12.2024 дар шафати роҳҳои протоколӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода шинонида шуд.
Таъкид гардид, ки бо фаро расидани фасли тирамоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ дар кишвар фаро расид.
Аз ин рӯ лозим аст, ки аз фазои мусоид истифода намуда, барои зебову хуррам намудани шаҳр ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз шинонем.






Имрӯз, 19.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 9-уми декабр тасдиқ гардидааст дар мавзуи “Интихобот – падидаи ҷомеаи демократӣ” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр хониши сиёсӣ доир гардид.
Имрӯз, 12.12.2024 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раъно Ҳошимзода Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Имрўз 12.12.2024 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти низомӣ инчунин мардони дар ҳайати захирабуда дар маҷмуъ беш аз 3000 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ техникаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр низ бароварда шуд.
Санаи 10.12.2024 дар толори мактаби санъати шаҳр вохӯрӣ дар мавзуи "Ҳаёт бидуни зӯроварӣ" бахшида ба ҷамъбасти маъракаи иттилоотии "16-рӯзи алайҳи хушунат нисбат ба занон" баргузор гардид.














