Имрӯз, 13.02.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат", доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили экстремизм ва терроризм бо иштироки шунавандагони курс баргузор гардид.
Дар дарси мазкур сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.






Санаи 08.02.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз даромадгоҳи шаҳр, ҷамоати шаҳраки Сирдарё оғоз карда, то соҳили “Баҳри тоҷик” аз вазъи бинову иншоотии шафати роҳи асосӣ дидан намуд. Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрро муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои дахдор ҳамроҳӣ намуданд.
Санаи 08.02.2025 дар шаҳри Гулистон ҷиҳати тозаву озода намудани шаҳр ҳашари дастаҷамъии тозагӣ баргузор гардид.
Санаи 07.02.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи корӣ доир ба иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №331 аз 06 декабри соли 2024 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 29 ноябри соли 2024, №311 «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли 2025» баргузор гардид.
Имрӯз, 06.02.2025 тибқи нақшаи баргузории суҳбату мулоқоти ҳайати таблиғотии “Модарони Ваҳдатсаро” таҳти унвони “Бирав фарзанд, хизмати Ватан – Модар бикун!” ва “Террорист Ватан, миллат ва дин надорад” бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии доир гардид.














