30 Апрел 2025
Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни фаъолияти истеҳсолии коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории ҶДММ "Маҳина" дидан намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ либосҳои мактабӣ, варзишӣ, корӣ ва ҳарбӣ дӯхта мешавад.
Дар коргоҳи пойафзолбарорӣ навъҳои гуногуни пойафзол истеҳсол карда мешавад. ҶДММ "Маҳина" аз замони шуруи фаъолияти худ таълимгирандагони муассисаҳои таълими шаҳрро дар асоси шартномаи тарафайн бо сарулибоси мактабӣ таъмин менамояд.
Дар давоми се моҳи соли 2025 коргоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 69,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,7%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҶДММ "Маҳина" 30 нафар сокинон бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи бозор истеҳсол гамудани маҳсулот ва тибқи нақша иҷро намудани уҳдадориҳои истеҳсолӣ супоришҳо дод.