Имрӯз, 28.01.2025 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар коллеҷи тиббӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат хониши сиёсӣ таҳти унвони "Паём, ҷавонон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ" баргузор гардид.
Дар хониши сиёсии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва муовини тарбиявии коллеҷи тиббӣ Раҳмонов Умедҷон иштирок ва суханрони намуданд. таъкид карда шуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба тамоми самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвавр ироа гардид, дар воқеъ чун санади раҳнамои миллӣ барои сокинон бахусус ҷавонони кишвар хидмат мекунад.






Имрӯз, 27.01.2025 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун баргузор карда шуд.
Санаи 25.01.2025 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон доир гардид.
Имрӯз, 25.01.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр вохӯрӣ бо сокинон , аъзои комиссияҳои учаткаҳои интихоботӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 24.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост” баргузор карда шуд.














