Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати ҷашни 30- солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар доираи ҳафтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби зодаи даврони истиқлол” бо иштироки раисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор намуд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода зимни суханронӣ зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон буда, метавон онро зодаи истиқлол номид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дод. Ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, мутаҳҳид менамояд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ҚАДРДОНИИ АФСАРОН ВА ҶАМЪБАСТӢ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ФУТБОЛ БАЙНИ САРБОЗОН, ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 45025 КҲФ МГ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА РӮЗӢ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- ИСТИҚБОЛИ ТАНТАНАВИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ", ДАР МАРКАЗИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН
- Баргузории ҳамоиш таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз”, дар қисми ҳарбии 45025 КҲФ МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд






Санаи 04.12.2024, дар толори МДТИ-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзӣ байналмиллалии волонтёрон дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф ва мактаби худшиносиву худогоҳии миллӣ аст”, ҳамоишӣ идона баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, муовини директори МДТИ-и шаҳри Гулистон Кенҷаев Лоиқ ва муовини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Раҳмонов Умедҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд
Санаи 3 декабри соли 2024 дар варзишгоҳи "Спартак"- и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд , ки зери лоиҳаи "Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024" равона гардидааст доир гардид.
Санаи 27-уми ноябри соли ҷорӣ дар Ҷамоати шаҳраки Консой тибқи нақшаи кории Суди шаҳри Гулистон бо сокинони шаҳрак вохӯрӣ баргузор карда шуд.











