Санаи 13.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат", дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дарси мазкур аз ҷониби мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мутахассиси татбиқи забони МИҲД шаҳр Абдуллоев Фаридуншоҳ баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.






Санаи 11.01.2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои солонаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр баргузор карда шуд.
Таърихи 10 январи соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Паём-ҳуҷҷати сарнавиштсоз» бо иштироки Шарифҷони Саидраҳмон, муовини раиси шаҳри Гулистон, Моҳира Раҳимзода, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷамолиён Муслимахон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб, собиқадорон, бонувону ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардид.
9-уми январи соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 06 январи соли 2024, №06-6/13тф дар бо иштироки ҳайати таблиғотии вилоятӣ бо ҷалби сокинони шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзуи “Паёми Пешвои миллат – ҳидоятномаи халқ ба сӯйи фардои дурахшон” доир гардид.
Имрӯз, 09.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ аз маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ ва маркази саломатии шаҳр дидан намуд.














