Дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” тибқи нақшаи кории прокуротураи шаҳри Гулистон бо кормандон доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Дилшод Умарзода ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад ва вобаста ба ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023 таҳти №668 Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид.