Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар толори шабакаҳои барқии шаҳри Гулистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон муҳаммадзода кормандони соҳаи энергетикаро бо Рӯзи иди касбӣ муборакбод намуда, зикр кард, ки ба даст овардани истиқлолияти энерегетикӣ яке аз ҳадафҳои асосии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин замина дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид.






Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарсабзу хуррам намудани шаҳр ва шафати роҳҳо санаи 19.12.2024 дар шафати роҳҳои протоколӣ дарахтони ороишии ҳамешасабз бо иштироки Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода шинонида шуд.
Имрӯз, 19.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи баргузории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 9-уми декабр тасдиқ гардидааст дар мавзуи “Интихобот – падидаи ҷомеаи демократӣ” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр хониши сиёсӣ доир гардид.
Имрӯз, 12.12.2024 таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раъно Ҳошимзода Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашум баргузор гардид.
Имрўз 12.12.2024 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Гулистон чорабинии мудофиаи ҳудудӣ ва сафарбарӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони мақомоти низомӣ инчунин мардони дар ҳайати захирабуда дар маҷмуъ беш аз 3000 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҳамчунин дар ин чорабинӣ техникаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр низ бароварда шуд.














