Матни равон

22-юми октябри соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон, ки роҳбарии онро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба уҳда дорад, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» баргузор гардид.

Дар кори конференсия ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф, аъзоёни Комиссияи болозикр, олимону мутахассисон, шарикони рушд, аз ҷумла Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Дафтари барномавии UNODC дар Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Имрӯз, 22 октябри соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода, сардори шуъбаи шаҳри Гулистони РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода ва сардори нозироти андози шаҳр Исмат Холов иштирок намуданд.

Ба ҷаласаи Шӯро роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори раёсат, шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавии милитсия даъват шуданд.

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» 85 субъекти ватанӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғул мебошанд, дархост пешниҳод намуданд. Беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинатсияҳои дахлдори Қоидаҳои муқаррарнамудаи озмун интихоб шуданд. Ғолибон соҳиби ҳайкалча ва Диплом гардиданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иброз дошт, ки давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бо ибтикору дастгириҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими Низоми миллии дастгирии содирот чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самти стратегӣ татбиқи тадбирҳои дахлдор идома дорад.

Имрӯз, 17-уми октябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.

Зимни қабул шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ба шаҳрдор муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, сокинон вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин, ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин ва манзили истиқоматӣ, ҳалли баҳсҳои марбут ба моликияти шахсӣ ва амсоли инҳо суолҳо дода шуд.

15-уми октябри соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи барқияи МИҲД-и вилояти Суғд Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ ва хониши сиёсӣ дар мавзуи "Конститутсия - бахтномаи миллат" бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, собиқадори соҳаи фарҳанг Хайринисо Раҳимова ва устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Сайёд Юнусзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1905
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3110
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17335
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:37147
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:131855
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:124992
mod_vvisit_counterҲамагӣ:10202337

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?