Санаи 8- уми июл дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Гулистон дар шашмоҳаи якуми соли 2026 доир гардид. Дар кори ҷаласа директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни маҷлис муовини аввали Раиси шаҳри Гулистон оид ба соҳаҳои иқтисодӣ Даврон Муҳаммадзода ҳисоботи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба саҳми ҳозирин расонид. Натиҷаҳо мавриди таҳлил қарор дода шуда, зимни суханронӣ зикр гардид, ки дар ин давра ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, дар аксари самтҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаҳои мусбат ба даст омада истодаанд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Баргузории вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё
- Баргузории вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо интихобкунандагон
- Баргузории машварати кории Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода






Санаи 5июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Санаи 5-июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Имрӯз, 04.07.2026 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҷониби масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид.
Имрӯз 2 юми июли соли равон, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои ободонӣ, беҳтарсозии инфрасохтори шаҳр ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор иншооту мавзеъҳои муҳими шаҳр боздид ба амал овард.















