Матни равон

Имрӯз, 26.06.2026 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр чорабинии тантанавии идона ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.

Мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Ғолибҷон Шарифзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғдро ба самъи иштирокдорон расонид.Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ҳозиринро муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Бо имзо намудани ин ҳуҷҷат дар назди аҳли башар бори дигар таҳаммулпазирӣ ва иродаи сулҳҷӯёнаву бунёдкоронаи халқи тоҷик собит гардид.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Ба ифтихори бисту нуҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки яке аз ҷашнҳои муҳими даврони истиқлолият мебошад, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли сокинони шарифи шаҳрамонро самимона табрик намуда, бароятон осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро таманно менамоям.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош намуда, дар давоми 35 соли Истиқлоли миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Санаи 23.06.2026 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз санаи 20-уми апрели соли 2026 ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конференсия муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Убайдуллоев Аҳрорҷон, Ӯзбеков Салоҳиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ чунин таъкид намудаанд: “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Мураббияи сол» баргузор гардид, ки дар ор мураббиён-ғолибон аз 18 шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд.

Дар давраи вилоятӣ иштирокчиён аз рӯи муаррифии   маҳорати касбии худ дар фаъолияти корӣ тибқи Низомномаи озмун баромад намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт  ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи  касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои дар сатҳи баланд ва дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамарӯза корҳои ободонӣ ба роҳ монда шуда, бомаром вусъат ёфта истодааст.

Аз ҷумла бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон роҳҳои гирду атрофи беморхонаи марказии шаҳр ва як қисм биноҳои баландошёна бо маҳсулоти аълосифат мумфарш карда шуданд.

Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз ҷараёни рафти корҳои иҷрошуда дидан намуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2803
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2903
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5706
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24286
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:41041
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9852771

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?