Имрӯз, 18-уми апрели соли 2026 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон ҷавонмардони асил Абидов Абдуҷамил, Миркамолов Шаҳзод ва Ғаниев Мусофир, ки қарзи шаҳрвандии худ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида сарбаландона ба назди волидон баргаштанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифта шуданд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва раиси ҷамоати шаҳраки Сирдарё Мушаррафа Охунова сарбозонро барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ самимона таҳният гуфта, ба номбурдагон ва волидони онҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.






18-уми апрели соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода баргузор гардид.
16.04.2026 дар толори хурди МИҲД-и шаҳр ба шунавандагони курси омӯзии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Рушди илм ва адабиёт дар солҳои соҳибистиқлоли кишвар” баргузор карда шуд.
Имрӯз, 16.04.2026 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи «Илму маърифат – сарчашмаи саодати инсон» баргузор гардид.
Имрӯз, 15 апрели соли 2026 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.














