Санаи 21.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки кормандони соҳаҳои гуногун баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулситон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.






Санаи 20 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.
Имрӯз, 18.01.2025 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар ҳудуди шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд.
Санаи 16.01.2025 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардида дарси навбатии курси омӯзишии "Пайравони Пешвои миллат" таҳти унвони “Танзими расму оинҳо-кафолати зиндагии шоиста” бо иштироки шунавандагони курс доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Санаи 15-уми январи соли 2025 бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Ҷаҳонгир Салим, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Пӯлотзода Илҳом Пӯлот, аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан" маҷлиси ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати Раёсат, котибот ва рӯзномаи кори ҷаласа ба баррасии он шуруъ карданд.














