Матни равон

Санаи 05.05.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси васеъ баргузор гардида пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2025, №11 "Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд" баррасӣ гардид.

Дар кори маҷлис муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар маҷлис раисони ҷамоати шаҳракҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода вохӯриро оғоз намуда, ҳозиринро бо тартиби баргузории он ва рӯзномаи маҷлис шинос намуда зикр кард, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қисми 1-и моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи муқовимат бо коррупсия” ҳолати таъмини иҷро ва риояи талаботи моддаи 22-и Қонуни мазкурро дар фаъолияти вазорату идораҳо, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо мавриди санҷиш қарор дод ва аз натиҷаи санҷиш пешниҳод аз 28 марти соли 2025, №11 "Дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд" ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз 14 апрели соли 2025, №37-ҷ ворид гардидааст.

Сармутахассис оид ба масъалаҳои маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси шаҳр Баҳодур Аҳмадҷонов пешниҳодро ба самъи иштирокдорон расонид.

Нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, капитани адлия Комрон Нуриддинзода доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта мусоидат менамоянд суханронӣ намуда, барои минбаъд роҳ надодан ба ин ҳолатҳо таъкид намуд.

Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ба масъулин ҷиҳати роҳ надодан ба содир намудани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта таъкид намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин самт корҳоро тақвият мебахшад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1795
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3216
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11203
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22440
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:24759
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8618340

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?