Имрӯз, 23.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуд.
Дар дарси мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов ва мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ, ки орзуву ормони ҳазорон фарзандони ҷонфидои он буд марҳилаи нави ташаккулро оғоз намуд. Вале мутаассифона ба гирдоби кашмакашҳои дохилӣ бо дастандаркории шахсону гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу берунӣ кашида шуд. Хушбахтона хиради азалии миллати тоҷик ба зулму торикӣ пирӯз гардид ва бо ба роҳбарии кишвар омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу пайкорҳои фидокоронаашон халқи тоҷик сарҷамъ гардида, ба кашмакашҳои дохилӣ нуқта гузошта шуд.






Санаи 22.01.2025 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода аз муассисаи давлатии гимназияи №1, собиқ бинои маркази таҳсилоти иловагии шаҳр, бахши фарҳанги шаҳр ва китобхонаи системаи марказонидашуда дидан намуд.
20 январ дар шоҳроҳи Гулистон — ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 500 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонда шуд.
Таърихи 22 январи соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.
Санаи 21.01.2025 тибқи нақшаи муштараки сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар толори фарҳангии кохи "Истиқлол" маркази шаҳр бо иштироки ҷавонони муассисаи таълимии №1 доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат конференсия баргузор гардид.














