Матни равон

Санаи 12.05.2025 дар толори кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр вохӯрии Раиси шаҳр бо сокинон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, муовини  прокурори шаҳри Гулистон Малика Мухадиярова ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода иштирок  намуданд.

Вохӯриро Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода оғоз намуда, зикр кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ аз 15.04.2025, №2164 тағйирот ворид карда шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025, барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, 24/2-37, қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ”, қарори раиси шаҳри Гулистон “Дар бора таъсис додани гурӯҳи корӣ” аз 06.05.2025, №120 бо мақсади ба аҳолӣ ва дар корхонаву муассисаҳо фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2163 “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2025, №2164 “дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр гурӯҳ корӣ таъсис дода шудааст.

Сипас муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода шарҳу тавзеҳи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 253 қисми 1 аз 15.04.2025, №2163 ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моддаи 382. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ аз 15.04.2025, №2164-ро ба самъи мардум расонида, аз шаҳрвандон  хоҳиш намуд, ки баҳри сарфаю саришта истифода бурдани захираҳои энергетикии кишвар аз ҷумла неруи барқ кӯшиш намуда, ба роҳҳои ғайриқонунӣ истифодабарии он даст назананд.

Сипас, Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар барои самаранок истифода бурдани неруи барқ, расидани ба истиқлоли комили энергитикӣ ва пешгирии бо ҳар гуна роҳу воситаҳои пӯшида истифода бурдани неруи барқ, ки ба буҷаи мамлакат хисороти зиёди иқтисодӣ меорад ва барои рушди кишвар монеъ мешавад мебошад.

Ҳамчунин, доир ба баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тақвияти корҳои ободониву соаандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаҳои саноат ва сайёҳӣ таъкид намуд.

Дар идома сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Мирзоватан Раҳимзода доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористӣ дошта суханронӣ намуд.

Дар фарҷом бо сокинон суҳбати озод ҷараён гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2102
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2523
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:4625
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25181
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43362
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8636943

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?