Имрӯз, 27.01.2025 дар толори Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон вохӯрӣ доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо иштироки сокинон ва кормандони соҳаҳои гуногун баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулситон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.






Санаи 25.01.2025 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон доир гардид.
Имрӯз, 25.01.2025 дар толори мактаби санъати маркази шаҳр вохӯрӣ бо сокинон , аъзои комиссияҳои учаткаҳои интихоботӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Имрӯз, 24.01.2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шунавандагони курси омӯзишии пайравони Пешвои миллат дарси навбатӣ дар мавзуи “Масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак сармоягузорӣ ба хотири фардост” баргузор карда шуд.
Имрӯз, 23.01.2025 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани шаҳр дар шафати роҳи даромади шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз аз қабили санавбари сӯзанбарг бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода шинонида шуд.














