Имрӯз, 31.12.2024 дар қисми ҳарбии 0216-и дидбонгоҳи сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Адрасмон чорабинии идона бахшида ба Соли нави мелодии 2025 баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси Ҷамоати шаҳраки Адрасмон Баротзода Сарҳад Барот суханронӣ намуда, афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва тамоми ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бахшида ба Соли нави мелодӣ шодбош намуд.
Баъд аз фарҷоми чорабинӣ ба афсарону сарбозон дастархони идона ташкил карда шуд.






Санаи 31 декабри соли 2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба беш аз 30 нафар ятимони кул туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Ҳамшаҳриёни азиз!
Санаи 30.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дарси навбатии курси омӯзишии “Пайравони Пешвои миллат” ҷараён гирифт.
Имрӯз, 30.12.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Гулистон баргузор гардид.














