Матни равон

Машарипова Зулайхо - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон нафаре мебошад, ки дар таърихи муассиса аввалин медалро аз даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон ба хазинаи дастовардҳои муассиса ворид намуд. Машарипова Зулайхо дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забони руст соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ масъулини ҷамоати шаҳрак, ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассиса ғолиби Олимпиадаро бо шукуҳ истиқбол гирифтанд.

Директори муассиса Абдумалик Расулов ғолиб ва омӯзгори роҳнамои ӯро бо ба даст овардани ин натиҷаи бузург барои муассиса самимона муборак бод гуфта, онҳоро бо ифтихорномаи муассиса қадрдонӣ намуд.

Шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон аз маркази шаҳр дар фосилаи беш аз 100 км мавқеъ дорад ва дар ҳудуди он 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муассисаҳои таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шудаанд. Ҳамчунин, ба муассисаҳои таълимии шаҳрак таҷҳизоти замонавӣ барои таълим фароҳам оварда шудааст.

Натиҷаи ин ғамхориҳост, ки солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрак дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳо, озмунҳои гирандаи Стипендияи Президентӣ, стипендияи раиси шаҳр ва озмуни Квотаи Президентӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида истодаанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:63
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2410
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:63
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22265
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10719
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8604300

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?