21 Апрел 2025
Имрӯз, 21.04.2025 Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозии маркази саломатии шаҳр шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатии шаҳр дорои бинои 3 ошёна ва иборат аз 116 ҳуҷра мебошад. Бино соли 1989 сохта ба истифода дода шудааст. Дар маркази саломатии шаҳр 19 нафар табиб, 35 нафар ҳамшираи тиб, 9 нафар корманди хурди тиб ва 15 нафар кормандони дигар фаъолият мебаранд. Бино солҳои тулонӣ таъмири куллӣ нагардидааст.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маркази саломатӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои таъмирӣ ба масъулин ҷиҳати ҷобаҷогузории ҳуҷраҳои корӣ, бо сифати баланд ва дар вақти муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои таъмирӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти зарурии тиббӣ дастур дод.