Матни равон

Маҳваш Бойматова – хонандаи синфи 8-и муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1-и шаҳри Гулистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” соли ҷорӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забон ва адабиёти рус иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Масъулини шуъбаи моарифи шаҳр, ҳайати омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №1-и шаҳри Гулистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Маҳваш Бойматоваро дар назди бинои муассиса самимона истиқбол гирифтанд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Каримӣ ва директори муассиса Муҳайё Домуллоева иброз доштанд, ки Маҳваш Бойматова яке аз шогирдони фаъоли муассиса мебошад, ки соли таҳсили 2023-2024 низ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни забони давлатӣ соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра гардида буд ва дар соли хониши 2022-2023 ҳам аз фанни забон ва адабиёти рус сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардида буд.

Ҳамзамон, Маҳваш Бойматова ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи хондан ва аз ёд намудани осори адабиёти классикӣ ва гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи раиси шаҳри Гулистон мебошад, ки ҳайати омӯзгорон ва хонандагони муассиса аз дастовардҳои чунин таълимгирандаи муассиса ифтихор менамоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:69
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2410
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:69
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22265
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10725
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8604306

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?