02 Май 2025
Санаи 02.05.2025 дар мактаби санъати шаҳри Гулистон бо иштироки донишҷӯёну хонандагон ва намояндагони касбу кори гуногун тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раиси шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 07.04.2025 маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Корнома ва хотираи шаҳидони ҷанг фаромӯш намешавад!” ба истиқболи 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватнаии солҳои 1941-1945 ӣаргузор гардид.
Дар маҳфил муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Мирзоева Қурбонҷон, котиби якуми Кумитаи вилоятии Суғдии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, Мирпочоева Мавҷуда мушовири калони Шурои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Қосимова Каромат Маҳмудовна раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Гулистон ва мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Абдуллоев Фаридуншоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 80 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.
Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ватандӯстони тоҷик, аз онҳо 78 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд, дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоати мардонагӣ нишон дода 92 ҳазор нафарашон, аз онҳо 30 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд. 44 ҳазору 957 нафар асосан калонсолонбарои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир фаъолият мекард, сафарбар шуда буданд ва бо меҳнати шуҷоатноки худ ба ғалабаи халқи Шӯравӣ саҳм гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафарашон дар 250 амалиётҳои ҳарбӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Баҳри хидматҳои шоён 67 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба Унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафарашон аз вилояти Суғд, сазовор шуданд. Мо корнома ва ҷонфидоии гузаштагони худро пос медорем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.
Ҳамчунин, баромадкунандагон доир ба нақши занон дар таъмини Ғалаба, саҳми гулистониён ва заҳматкашони ақибгоҳ маълумот доданд.