Матни равон

Дар асоси фармоиши Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 13.03.2025, №27, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 17.04.2025, №94 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2025, инчунин нишондодҳои ташкилӣ-методӣ оид ба тайёр намудан ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона санаи 29 апрели соли 2025 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии омӯзгорон ва хонандагон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзуи: «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Сараввал бо иштироки муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон подполковник Ализода Ш.Т., раиси ҷамоат Бердиева Н., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Д, директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он дар назди муҷассамаи ҷанговарони ҶБВ-и шаҳраки Чоруқдаррон гулчамбарҳо баҳри пост доштани хотирраи ҷанговарон гузошта шуд.

Сипас соати 09:00 чорабинии «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд лейтенант Камолиддинзода Алишер., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Дилрабо, 68 нафар директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Гулистону ҷамоати шаҳракҳои он, 890 нафар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинии мазкур озмуни интихоби расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулодда, намоиши таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ, дарсҳои кушод дар синфҳои 2, 6, 10 ва 11 дар мавзуъҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, расонидани ёрии аввалия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар байни онҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Сипас, соати 10:20 дақиқа бонги хатар бо воситаи баландгӯякҳои махсус эълон гардида, аз тарафи сардори звенаҳои алоқа хонандагон ва омӯзгорон оиди хатари ба вуқуъ омада огоҳ карда шуданд.

Хонандагон дар аввал барои худро муҳофизат намудан аз заминҷунбӣ ба зери миз даромада, сипас баъди 3-5 дақиқа мутташакилона ба ҷои бе хавф (майдончаи варзишӣ) баромаданд.

Гурӯҳои наҷотдиҳии муассиса ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани омӯзгорону хонандагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, хомӯш намудани сӯхтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса ба пуррагӣ ба анҷом расониданд. Дар навбати худ, хадамотҳои мудофиаи граждании ШВКД, ЌМ 37–уми ЊХДО, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, хадамоти барқ ва тиббии ҷалб шудаи шаҳр дар якҷоягӣ бо Дастаи махсуссӣ наҷотдҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бо ҷалби 5 адад автомашинаҳои махсус вазифаҳои худро низ дар амал нишон доданд.

Ҳамчунин дигар бандҳои дар нишондодҳои ташкилӣ-методӣ пешбинигардида аз қабили тарзи пӯшидани ниқобҳои зиддигазӣ ва пӯшонидани он ба зардидагон, гузаштан аз монеъаҳо, эстафетаи бурдани зарардидагон бо тарзҳои гуногун ба масофаи муайян ва мусобиқаҳои варзишии гуногун намоиш дода шуд.

Чорабинии мазкур соати 12:00 дақиқа дар назди дарамодгоҳи асосии муассиса таҳлил ва бо баҳои аъло ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2382
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4708
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19512
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:21510
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:10628
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:85147
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8604209

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?