КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, бо сокинони маҳалла вохӯрии васеъ доир намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Муслимахон Ҷамолиён оид ба муҳтавои асосии Паёми Сарвари давлат зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву Барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд. Паёми имсола нисбат ба солҳои қаблӣ тафоввути калон дошт, зеро ин Паём таҳлилҳои 30 - соли соҳибистиқлолиро дар бар мегирифт. Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро амалӣ карда истодааст. Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида истодааст.






Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии №45025 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ТҶҶ “Созандагони Ватан” чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод” доир намуд.
19 феврали соли 2022 дар қаламрави шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту корхона ва муассисаҳо баргузор гардид.
Санаи 18-уми феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар толори Муассисаи давлати “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” бо намояндагони соҳаи маорифи шаҳр кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Шаҳраки Чоруқдаррон дар масофаи 33км дуртар аз маркази шаҳри Гулистон ҷойгир шуда, дорои аҳамият ва манфиатҳои бузурги саноатӣ мебошад. Аз давраи таъсисёбии шаҳрак ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод ” пойгоҳи асосиаш ба ҳисоб мерафт. Ҳудуди шаҳрак 145га заминро дар бар гирифта, қисмати зиёди онро иншоотҳои ба корхонаи болозикр таалуқдошта дар бар мегирад.














