23 феврал дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат оид ба таърихи 29 соли дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод, неруи пурқудрати ҳимоятгари давлату халқи Тоҷикистон ва яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.






Дар толори кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки собиқадорон, ҷанговарони интернатсионалист, муҳофизони сохти конститутсионӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.
22 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он пайваста аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ ва баровардани партовҳо гузаронида мешавад.
Дар толори мактаби санъати маркази шаҳри Гулистон санаи 22.02.2022 тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати вусъати корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм ва иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бо фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир гардид.













