Матни равон

Имрӯз, 17 марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар иҷлосия 11 масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷлосия таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода баргузор шуд.

Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 таҳти №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳри Гулистон мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фазлиддин Орифзода ҳисобот пешниҳод намуд. Сипас, Ғуфронҷон Абдуллоев вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Саъдӣ”, № 29 оид ба масъалаи мазкур ба музокира баромад. Вобаста ба татбиқи Барномаи мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, масъалаи ворид намудани тағйирот дар нақшаи манбаҳои алоҳидаи қисми даромади буҷети шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарори дахлдори иҷлосия қабул карда шуд.

Баъдан аз рӯи рӯзнома ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг шунида шуд. Оид ба масъалаи мазкур раиси комиссия Муслимахон Ҷамолиён - вакил аз ҳавзаи интихоботии “Камоли Хуҷанди”, №16 маърӯза кард.

Ҳисоботи вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Истиқлол” №8 Амонҷон Қаюмов оид ба ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Дар идома масъалаҳои пеш аз муҳлат катъ намудани ваколати вакилии 2 нафар вакилон, дар бораи таъин намудани интихобот ба ҳавзаи вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, саҳмгузорӣ дар таҷлили бошукуҳи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дигар тадбирҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилояти Суғд муҳтарам Анвар Яъқубӣ оид ба иқтидорҳои мавҷудаи шаҳри Гулистон вобаста ба татбиқи ҳадафи стратегии кишвар саноатикунонии босуръати мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои мавҷуда ва дигар масоил ибрози назар намуда, дар ин самт аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр масъулияти ҷиддиро талаб намуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2266
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2266
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86051
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7727971

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?