Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳр ва тозаву озода нигоҳ доштани он пайваста аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр корҳои тозакунӣ ва баровардани партовҳо гузаронида мешавад.
Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр ҳамарӯза партовгоҳҳои ҳудуди шаҳрро аз партовҳо тоза менамоянд.
Ҳамчунин, санаи 15.02.2022 масъулини Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дар маҳаллаҳои дохили шаҳр, назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар гӯшаву канори шаҳр корҳои тозакуниро ба роҳ монданд. Дар раванди корҳои тозакунӣ гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ аз хасу хошок ва дигар партовҳо тозаву озода гардонида шуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи «Толиб Дадабоев»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
- Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Ширеши Тоҷик»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода доданд
- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 “Дар бораи гузаронидани нишасти матбуотии раисони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо” ва дар асоси Ҷадвали тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 28-уми январи соли 2022 дар шаҳри Гулистон 15 феврали соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нишасти матбуотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно Ҳошим оид ба Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2021 баргузор гардид.
Имруз 14 феврали соли 2022 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр машварати кории назди раиси шаҳр бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо доир гардид.
10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Сада дар шаҳри Хуҷанд иштирок карда, аз намоиш ва фурӯши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, гулу буттаҳо ва тухмиҳои босифат боздид ба амал оварданд.
10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кулл туҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.














