Дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид доир гардиданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин (Синхуа, CCTV, China News Service, Женьминь Жибао)
- БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ АДРАСМОН
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Матарелла барқияи табрикӣ ирсол намуданд






5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.
Дирӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои XXIV зимистонаи Олимпӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Дар минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории мавзеъҳои сайёҳӣ, тозаву озода намудани соҳилҳо имруз 4 феврали соли 2022 аксияи тозагии соҳил ва тозагии маҳал гузаронида шуд. Дар аксияи тозагии соҳил кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони ҳифзи муҳити зист, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии маркази шаҳр ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо теъдоди беш аз 500 нафар фаъолона иштирок намуданд.
3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.














