Матни равон

Субҳи имрӯз, 11 март бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода собиқадори соҳаи матбуот, поягузори рӯзномаи шаҳрии "Соҳил", мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистонро аёдат намуд.

Роҳбари шаҳр зимни суҳбат аз саҳми Илҳом Раҳим дар тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва рушди босуботи шаҳри Гулистон ёдовар шуд. Зикр гардид, ки бо ибтикори шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша фидокориву фаъолияти шоистаи аҳли илму маърифат ва собиқадорону кормандони матбуотро мавриди қадршиносӣ қарор дода, аз мактаби бузурги онҳо баҳри тарбияи насли шоистаи замон васеъ истифода хоҳад намуд.

Мадализода Илҳом Раҳим соли 1978 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, онро соли 1982 бо баҳои аъло хатм намудаанд. Аз соли 1982 то соли 1992 дар муассисаҳои таълимии №5, №7 ва №8 шаҳри Гулистон фаъолияти омӯзгорӣ доштаанд. Моҳи майи соли 1992 котиби кумитаи иҷроияи шӯрои намояндагони халқи шаҳри Қайроққум интихоб гардидаанд. Дар ин миён чанд вақт дар мансабҳои гуногун низ ифои вазифа намудаанд.  Аз соли 1995 то соли 1998 муовини директори ширкати телевизионии “Темурмалик” будаанд. Ёздаҳуми марти соли 1998 бо ташаббуси Мадализода Илҳом Раҳим дар шаҳри Гулистон нахустин рӯзномаи расмии шаҳр “Соҳил” таъсис дода шудааст. То соли 2012 дар вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи мазкур фаъолияти меҳнатӣ доштаанд. Аз соли 1994 то 1999 аъзои комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд. Дар замони ифои вазифа аз ин масъулияти бузург ба сарбаландӣ баромадаанд.  Алҳол дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Гулистон феъолияти пурмаҳсули меҳнатӣ доранд. Мадализода Илҳом Раҳим муаллифи китобҳои “Ашки шабнам” (2000), “Ватанам Тоҷикистон” (2003), “Садои мусофирӣ” (2010), “Кашфиёт” (2014) ва “Гули илҳом” мебошанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1825
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15157
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:8472
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7740862

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?