Санаи 18-уми феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар толори Муассисаи давлати “Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон” бо намояндагони соҳаи маорифи шаҳр кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар аснои суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар баён доштанд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.






Шаҳраки Чоруқдаррон дар масофаи 33км дуртар аз маркази шаҳри Гулистон ҷойгир шуда, дорои аҳамият ва манфиатҳои бузурги саноатӣ мебошад. Аз давраи таъсисёбии шаҳрак ҶСК “Комбинати фулузоти нодири Ленинобод ” пойгоҳи асосиаш ба ҳисоб мерафт. Ҳудуди шаҳрак 145га заминро дар бар гирифта, қисмати зиёди онро иншоотҳои ба корхонаи болозикр таалуқдошта дар бар мегирад.
Санаи 18.02.2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 45025 рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо донишҷӯёни бахши аввал доир ба мавзуъҳои пешгирии терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои гуногун, тақлид ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлуб вохӯрӣ доир гардид.
17 феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо ҷалби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои дахлдори мақомоти марказию маҳаллии шаҳри Гулистон аз паскучаҳои шаҳр боздид ба миён овард. Ҳангоми боздид аз кучаҳои Суғдиён ва Исмоили Сомонӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, барои ба тартиб даровардани ин қисмати шаҳр, ки аслан бо номи “Роҳи боло” маъмул аст, ба масъулон дастурҳои қатъӣ дода шуд.














