Матни равон

21 март дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Темурмалик дар шаҳри Гулистон ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонафрӯз тантанаҳои идона доир гардид.

Сокинони меҳнатқарини шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳрак бо руҳияи болидаву идона ба базмгоҳ ташриф оварданд.

Ҳайати меҳмонон аз намоиши бозиҳои миллӣ ва намудҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ боздид ба амал оварданд.

Сипас, аҳли заҳмати шаҳр меҳмононро бо руҳияи болида, пешниҳоди анвои гуногун, таомҳои наврӯзӣ, ҳафт сину ҳафт шин, ҳунарҳои мардумӣ ва қироати шеъру сурудҳои идона истиқбол гирифтанд.

Меҳмонон ба сатҳи омодагии сокинон ба таҷлили ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баҳои баланд доданд.

Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода меҳмонони гиромиро ба шаҳри Гулистон хайрамакдам гуфт.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба самъи сокинони меҳнатқарини шаҳри Гулистон манзур намуд. Мавсуф зимни ироаи Паёми шодбоши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки "Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз мо – ворисони ин ҷашни бостониро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз ин ойини дерина, барои минбаъд эҳё намудану ривоҷ додани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангии он бештар кӯшиш намоем ва ҷиҳати ба аҳли башар боз ҳам беҳтар муаррифӣ намудани фазилатҳои инсонпарваронаи Наврӯз пайваста саъю талош варзем".

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Ғайбуллоҳ Муҳиддинов номаи табрикии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба самъи сокинони шаҳр расонид.

Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кулли сокинону меҳмонони шаҳри азизро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, саодатмандӣ, дастурхони пурнозу неъмат ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас осмони софу ваҳдати ҷовидонӣ таманно намуд.

Барномаи рангини фарҳангии аҳли санъати вилоят ва шаҳр ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1586
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1889
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1586
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:12391
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7744781

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?