Матни равон

Санаи 18.02.2022 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 45025 рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо занон ва оила Ойинисо Раҳматова, намояндагони шуъбаи маориф Эмомалӣ Бобоев ва Фирӯз Ғаниев, намояндагони Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, комиссариати ҳарбии шаҳр ва намояндагони ҲХДТ дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо донишҷӯёни бахши аввал  доир ба мавзуъҳои пешгирии терроризму экстремизм, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои гуногун, тақлид ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷинояткорӣ ва дигар падидаҳои номатлуб вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Ойинисо Раҳматова мудири базши кор бо занон ва оила, Аҳлиддин Тоҷиддинов иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва намояндагони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад. Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, санаҳои муҳими таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таассубу ихтилоф ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамият пайдо намудаанд.

17 феврали соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим бо ҷалби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохторҳои дахлдори мақомоти марказию маҳаллии шаҳри Гулистон аз паскучаҳои шаҳр боздид ба миён овард. Ҳангоми боздид аз кучаҳои Суғдиён ва Исмоили Сомонӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, барои ба тартиб даровардани ин қисмати шаҳр, ки аслан бо номи “Роҳи боло” маъмул аст, ба масъулон дастурҳои қатъӣ дода шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Ҳошимзода Раъно Ҳошим махсусан аз фаъолияти раисони маҳаллаҳо изҳори нигарони намуда, барои ҷалб намудани сокинон ба корҳои ободонию тозагии атрофи хонаҳои баландошиёна дастурҳои мушаххас доданд.

Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 2-юми феврали соли 2022, №71-6/13 тф дар ҳудуди вилоят санаи 17 феврали соли 2022 баргуории Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзуи “Ҳифзи Ватан – қарзи шаҳрвандии мост” ба нақша гирифта шуда буд ва дар ин замина нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба тасвиб расид.

Дар асоси нақшаҳои таҳиягардида дар мактаби санъати шаҳри Гулистон бо иштироки тарғиботчиёни вилоятӣ ва маҳаллӣ Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ бо намояндагии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Муҳаммад Шарипов устоди Муассисаи таълимии давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Наимҷон Шарифов сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон бо иштироки тарғиботчиёни вилоятӣ ва маҳаллӣ хониши сиёсӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Аҳлиддин Тоҷиддинов иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Маҳкам Миркамолов собиқадори меҳнат ва устоди ДДҲБСТ Ғолибҷон Санавваров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди эътимодноки халқу миллат гардидааст. Бедорхобиву заҳмати онҳост, ки имрӯз мардуми сарбаланди кишвари азизамон зиндагии осуда доранд.

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст”. Чунончи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: “Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад”.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:533
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3493
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9961
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:25139
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:42264
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:145970
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9853994

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?