Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи парандапарварӣ авҷи тоза гирифта, махсусан гушти мурғи парҳезӣ ва тухм, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда талаботи бозори истеъмолии кишварро ба дасти худ гирифтаистодааст. Ин раванд дар шаҳри Гулистон низ мавқеъ ва ҷойгоҳи хосаи худро пайдо намуда, дар миёни корхонаҳои калони саноатию истеҳсолӣ корхона ва коргоҳҳои парандапарварӣ низ зиёд гардида истодаанд.
Бо мақсади шиносои бо вазъӣ истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мурғи аълосифат” иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода 22 феврали соли 2022 ба корхона ташриф оварда, бо роҳбарият ва коргарон сӯҳбат доир намуд.
Корхонаи мазкур 22 марти соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттиллои роҳбари корхона Бобоев Парвиз Мақсудович истеҳсолот асосан ба гушти мурғи бройлерӣ нигаронида шуда, парвариши чуҷа, истеҳсоли хӯроки паранда, забҳ, борпечкунӣ ва нигоҳдории маҳсулот дар анборҳои худи корхона анҷом дода мешавад.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОНИ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар як қатор мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шуданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.














