Матни равон

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат»-ро ифтитоҳ карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯйи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия — соҳибкори ватандӯст Исматулло Исоев бунёд гардид.

Дар бинои иловагии таълимӣ ҳамагӣ 18 синфхонаи таълимӣ ҷойгир шудааст. Бино бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардидааст.

Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои нав танҳо таҳсили хонандагони зинаи ибтидоии таҳсилот — синфҳои 1 то 4 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ошхона барои 290 ҷойи нишаст ҷойгир шуда, дар он барои хонандагони муассиса беҳтарин шароит фароҳам аст. Ошхонаи муассиса бо нақшу нигори миллӣ ва санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи бино беш аз 100 адад гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Роҳбарияти муассиса дар шафати бинои иловагии таълимӣ сохтмони майдончаи варзишии болопӯшидаро оғоз намудаанд, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории таълимгирандагони гимназия қарор мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии «Кафолат» якуми сентябри соли 2009 ба фаъолият шурӯъ намуда, раванди таълиму тарбия тибқи оиннома бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи равияи ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст.

Давоми солҳои 2015-2022 хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 7 медали тилло ва аз олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ 19 медали тилло ба даст овардаанд.

Тӯли 5 соли охир хонандагони гимназия дар озмунҳои дарёфти Стипендияи Президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, то имрӯз 11 нафар ба гирифтани Стипендияи Президентӣ ва 17 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидаанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:270
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2269
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:270
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9186
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7741576

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?