Санаи 25.07.2025 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон дар шаш моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси шаҳр Муслимахон Ҷамолиён, мудири шуъбаи эпидемиологии МНДСЭ-и вилояти Суғд Саидов М.И. иштирок доштанд.
Нахуст директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон Қӯқанов Исматилло доир ба фаъолияти шашмоҳа гузориш дод. Зикр карда шуд, ки Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Гулистон фаъолияти худро тибқи санадҳои дахлдори амалкунанда ба роҳ монда ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ корҳои мушаххасро ба анҷом расонид. Дар ин давра дар шаҳр бемориҳои махсусан хатарнок ба қайд гирифта нашудааст. Дар шашмоҳаи соли 2025 дар маҷмуъ 218 ҳолати бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта як баробар кам мебошад. Дар ин давра ҷароҳатбардорӣ аз ҳайвонот 32 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18 адад кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дорандаи гепатити В 3 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 3 ҳолат кам мебошад. Дар ин давра 10 ҳолати бемориҳои сили нав ба қайди диспенсерӣ гирифта шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ ШАҲР ДАР ДАВОМИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
- Шаҳрамонро якҷоя обуду хуррам мекунем! - баргузории шанбегии умумишаҳрӣ
- БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "БЕҲТАРИН ҲАМСАР", "ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН", "ФАРЗАНД БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ВА "БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД"






Санаи 24.07.2025 тибқи нақшаи сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати баргузории вохӯриҳо бо усули “маҳал ба маҳал” ва “деҳа ба деҳа” дар кӯчаи Рӯдакии маркази шаҳр бо сокинон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
23 июли соли 2025 дар шаҳри Гулистон машварати корӣ таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷҳизоти муосир дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” шинос шуд.
23 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар шаҳри Гулистон бо раванди корҳои бунёдкорӣ шинос гардид.















