Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм оид ба футбол дар минтақаи Суғд ба анҷом расид.
Санаи 16.11.2025 Клуби футболи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бозии охирини Лигаро муқобили Клуби футболи “Ашт”-и ноҳияи Ашт дар сафар баргузор намуда, дар бозии ҳалкунандаи мавсим барои қаҳрамонӣ бо ҳисоби бузурги 6-1 пирӯзӣ ба даст оварда, қаҳрамони Лигаи дуюми минтақаи Суғд гардид.
Дар мавсими ҷорӣ дар 22 бозии баргузоргардида дастаи Гулистон 18 ғалаба ба даст оварда, дар 3 дидор мувоҷеҳи шикаст шуда, 1 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар маҷмуъ соҳиби 55 имтиёз гардид. Дар ҷараёни рақобатҳо бозигарони даста ба дарвозаи рақибон 82 маротиба тубро равона намуда, аз дохили дарвозаи худ 20 туб гирифтаанд, ки аз ҷиҳати шумораи бештари голҳо дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи дуюм ва аз лиҳози гирифтани ками тубҳо аз дохили дарвоза дар зинаи аввал қарор дорад.
Мақолаҳои боқимонда...
- ҚАБУЛИ ИНШТИРОКЧИЁНИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РОҲ БА СӮИ ХУДШИНОСӢ ВА ВАТАНДӮСТӢ” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
- Баргузории конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуҳои Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ва Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ
- Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода кормандони бойгонии шаҳрро бахшида ба ҷашни 100-солагии таъсисёбии бойгонии давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ намуд






Имрӯз 16.11.2025 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ҷамъомати тантанавӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Санаи 14-уми ноябри соли 2025 дар толори Кохи фарҳангии Истиқлоли шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи муштараки Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи баргузории фестивали ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандӯстӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки роҳбарони намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон баргузор карда шуд.
Санаи 14.11.2025 дар шаҳри Гулистон дар доираи баргузории фестивали ҷумҳуриявии “Роҳ ба сӯи худшиносӣ ва ватандӯстӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон роҳпаймоӣ баргузор карда шуд.














